Хабарҳо ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР МАВЗӮИ “РАҲНАМОИ ҶОВИДОНАМ ОМӮЗГОР” АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Дар асоси дастуру супоришҳои директори МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи корҳои тарбиявӣ аз ҷониби муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна тасдиқгардида чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Раҳнамои ҷовидонам омӯзгор” гузаронида шуд. Дар чорабинӣ мудири кафедраи Фармакогнозия ва кимиё фарматсевтӣ Сулаймонова О.Ғ ва омӯзгорони кафедра иштирок кардаанд. Чорабини аз ҷониби омӯзгорон кафедра баргузор гардид. Зимни баргузории чорабинӣ омӯзгорони кафедра қайд намуданд, ки дар воқеъ саҳми устод-омӯзгор дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бо роҳи рост ҳидоят намудану омӯзонидани дарси зиндагӣ назаррас мебошад. Таъкид шуд, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасоз ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад». Дар ҷараёни баргузориии чорабиниҳо донишҷӯён порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд, ки тараннумгари хизматҳои шоён ва заҳмату меҳнати назарраси омӯзгорон буд. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан