Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СОАТҲОИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР КАФЕДРАИ ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд . Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст. Устоди аввалин, чӣ тавре ки аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хатту савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст.
В-аз падар устод дар пеш аст.
Адиби дурандешу донишманд Аҳмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: “Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод – бузургтар”. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои директори МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна ҷиҳати гузаронидани соатҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳо бахшида ба рӯзи омӯзгор санаи 30.09.2024 аз тарафи омӯзгорони кафедраи фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ – сарпарастони гурӯҳҳо Ниёзов Саидалӣ ( дар гурӯҳҳои 104-105 факултети кори фарматсевтии таҳсили шабона) ва Гирдакова Лутфия ( дар гурӯҳҳои 301-302 факултети кори фарматсевтии баъди синфи 9) соатҳои тарбиявӣ дар мавзуи “Иди касбии омӯзгорон муборак!” тибқи ҷадвали дарсҳо гузаронида шуданд. Дар соатҳои тарбиявӣ омӯзгорон ва донишҷӯён оиди қадру манзалати омӯзгор ва меҳнати пурмашаққати онҳо суханронӣ намуданд. Инчунин аз тарафи донишҷӯён шеърҳо дар васфи омӯзгор қироат карда шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.