Мақолаҳо “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” – ШОҲКОРИИ БЕНАЗИР Бо admin Охирин навсозӣ Sep 30, 2024 0 Рӯзе Мавлоно бо муридон дар канори ҳавзи мадрасае нишаста буд,- китобҳо дар пешу қилу қолу баҳсу ҷидол дар миён. Дарвеше бигзашту гуфт: Мавлоно ин китобҳо чист? Гуфт: Илми қол аст. Дарвеш ба як дам ҳамаро дар об афканд ва фарёду фиғони аз муроду муридон бархост, ки: -Ин ҳама китоби нафисро дар об чун афкандӣ? Дарвеш ба дами дигар китобҳоро аз об баргифту хушк дар пеши рӯи онҳо гузошт. Гуфтанд: Ин чист? Гуфт: Ин илми ҳол аст. Мавлоно наърае бизад ва дар домани дарвеш овехт, ки ӯ Шамсиддин Маликдоди Табрезӣ буд (устоди маънавии Мавлоно). Ошиқе сармаст, ки фосилаи Балху Бухоро, Самарқанду Бағдод ва Димишқу Қунияро тай кард ва ҷонҳои мустаъид рӯҳҳои муштоқро ба болои тафаккуру андеша ва ишқ дар нур дид ва пустаи замонро шикофта, дар замину замон ҷорӣ шуд ва ҳа куҷо сухане аз ишқу маънавиёт ва ҳамдигарфаҳмӣ аст, ӯ масали аъло шуд ва намунае барҷаста. Орифе , ки фарҳангӣ форсии дариро бо меросӣ маънавӣ ва ғании хеш чунон барафрохт, ки аз ин замонҳо сипари мешаванд тобишу ҷилои он хира намегардад, баръакс пурҷилову равшантар гардида шуҳрату шаҳоматташ дучанд меафзояд. Нақшбанде, ки наққоши ҷаҳон то асри мо нақоше чун ӯ ба саҳифаи таърих ҳаст накардааст ва ҷаҳонеро чун ҷаҳони маънвии ин ориф халқ нагардида. Ҳамзамонӣ хешиву пайвандӣ аст, Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст, Эй басо ҳиндиву турки ҳамзабон, В-эй басо ду турки чун бегонагон. Пас, забони ҳамдамӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабони беҳтар аст. “Маснавии маънави”-и Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (тав 1207-ваф 1273) аз нодиртарин ва бузургтарин офаридаҳои нубуғи бани башарист. Ин китоби муқаддас, ки онро барҳақ “Қуръони форсӣ” шинохтаанд дар тӯли ҳафт қарни баъдии фарҳанги ирфонии форсу тоҷик дар мамолики мухталифи Шарқу Ғарб ҳазорон ҳазорон дилобохтагони муътақид, муҳаққиқони дақиқназар, ошиқони адошинос, шореҳони нуқтасанҷ ва ноширони худро дошта ва боз ҳам хоҳад дошт. Ин ганҷинаи гаронбаҳои маорифи ирфонӣ ва дури ноёби форсии дарии тоҷикӣ, ки ба ақидаи маъруфтарин донишманди мавлоношиносӣ эронӣ оғои Заринкуб “нардбони осмон” аст, натиҷа ва ҷамбасти анедешаю афкори назарӣ ва таҷрибаи амалии иҷтимоии Мавлоност, ки дар даҳсолаи охири умри пурбаракаташон бо хоҳишу исрор ва ташвиқи муриди донишмандаш Ҳисомиддини Ҷалабӣ гуфта шудааст. Аз лиҳози муҳтаво “Маснавии маънавӣ” китобест дар маърифти худшиносӣ ва худошиносии инсони комил. Ганҷинаест саршор аз ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Достонест моломол ва барафрӯхта аз оташи ишқи рӯҳонӣ. Рисолатест дар мазаммати таассуботи миллӣ ва шаръию мазҳабӣ. Баёнест аз розу асрори илоҳӣ. Ҳидоятест ба хайри умур ва сулҳу салоҳи башарӣ. Даъватест бар риъояти аслии шариъат. Раҳнамоест бар румузи тариқат ва ҳақиқати кулл. Мо табибонем шогирдони Ҳақ, Баҳри Қулзум дид моро фан фалақ. Он табибони табиат дигаранд, Ки ба ту аз роҳи набзе бингаранд. Мо ба дил, бе восита, хуш бингарем, К-аз фаросат мо ба олӣ манзарем. Сабаки соддаи Мавлоно дар баёни маъниҳои бузург имкон медиҳад. ки ҳар толиб бо дилбастагӣ ва алоқамандии вофир матолиби ҷолиб ва таваққуоту хостаҳои лозимро аз ин асари беназир барои хеш дарёфт намояд. Зеро шоир ин дури маъониро ба хотри он гуфта, то мавриди истифодаи ҳадафманду бошууронаи васеъ ва ҳамагонӣ қарор дошта бошад; “Маснавиро ҷиҳати он нагуфтаам, ки то ҳамоил кунанд ва такрор кунанд, балки то зери по ниҳанд ва болои осмон раванд, ки маснавӣ меъроҷи ҳақоиқ аст”. “Маснавии маънави”- и Ҷалолиддин Балхӣ бешак мағз андар мағзи ҳар як фарди худшиносу худошинос ҷойгузин буда, роҳнамои ҳазороҳо роҳҷӯёну роҳнавардони олами ҳақиқат мебошад. Ҳафт дарё гар шавад куллӣ мадид, Нест мар поён шуданро ҳеҷ умед. Боғу беша гар шавад яксар қалам, З-ин сухан ҳаргиз нагардад ҳеҷ кам, Он ҳама ҳибру қалам фонӣ шавад, В-ин ҳадиси беадад боқӣ бувад. Омӯзгори кафедраи “Забони тоҷикӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Иброҳимов Шоҳин Тураевич 0 Мубодила кардан