Хабарҳо ШӮЪБАИ ТАШКИЛӢ-ТАРБИЯВӢ ВА КОР БО ҶАВОНОН Бо admin Охирин навсозӣ Oct 10, 2024 0 Санаи 09.10.2024 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, намояндагони Шӯъба ба хобгоҳи муассиса барои дидан намудан аз ҳолати буду боши донишҷӯён ташриф оварданд. Чуноне, ки ҳамагон медонем Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Дар воқеъ бо пайравӣ аз сиёсати чавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Роҳбарии Директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. имрӯз шароити буду боши донишҷӯён ба талаботҳои замони муосир ҷавобгу буда ҳамзамон бошандагони хобгоҳро мебояд тамоми қоидаҳои муқарраргардидаро риоя намоянд. Зеро Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Зимни гардиш, намояндагони Шӯъба ба тамоми бошандагони хобгоҳ қоидаҳои сарфаҷӯи намудани нерӯи барқ, об, пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯхтор, риояи маърифати волои шаҳрнишинӣ, шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи талаботҳои Қонуни ҶТ дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” (ҷашн нагирифтани зодрӯз), дар вақти муайяншуда ҳозир шудан ба хобгоҳ, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ҷои истиқомат ва дигар масъалаҳои ҷойдошта корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳолати буду боши донишҷӯён, намояндагони Шӯъба таклифу пешниҳодҳои муроҷиаткунандагонро шунида, барои ҳалли ин масъалаҳо ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд. 0 Мубодила кардан