Хабарҳо ИҶРОИШИ НАҚШАИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021 – 2025 ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Oct 11, 2024 0 Санаи 11 октябри соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақша-чорабиниҳои муштарак, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандону донишчӯён, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта бо иштироки намояндагони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии 2-юми муассиса вохӯрӣ ташкил карда шуд. Дар вохурӣ САЙДАЛИЗОДА ҲУВАЙДО – прокурори калони Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ИБРОҲИМЗОДА АМИРҶОН – сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҚАЮМОВ ФАРРУХ ҶУРАХОНОВИЧ – муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, САИДОВА МАВҶУДА МИРЗОШАРИФОВНА – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва намояндагони шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон, инчунин ҷамъи васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Сараввал Саидов А.А. мутахассиси Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон кори ҷаласаро оғоз намуда меҳмононро муаррифӣ намуда, риштаи суханро ба прокурори калон Сайдализода Ҳувайдо дод. Сайдализода Ҳ. бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандону донишчӯён, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта маъруза намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба чунин корҳои зишти ба ҷамъият хавнок даст назананд, чунки ҳар як амали ба ҷамъияту давлат хатарноки инсоният дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад. Баъдан Иброҳимзода А. суханро давом дода, доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, тақлиди фарҳанги бегона, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдустӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҚҶТ “Дар бораи масъулияти барои таълиму тарбияи кӯдак” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан гуфта гузаштанд. Дар охир Қаюмов Ф. Ҷ. суханронӣ намуда, аз маърӯзаҳои дар боло қайд шудаи меҳмонон натиҷагирӣ намуда, меҳмононро бори дигар хайрамақдам намуда, донишҷӯён таъкид намуданд, ки давлату ҳукумат тамоми шароитро барои донишандузии шумо муҳаё намудааст. Аз ин рӯ шумо донишҷӯёнро зарур аст, дар фазои сулҳу субот бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу Ватани азизи худ содиқона хидмат намоед. Ҳамчунин дар охир барои ташкил намудани чунин як вохурии судманд, ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” сипоснома тақдим гардид. 0 Мубодила кардан