Хабарҳо ГАРДИШИ НАЗОРАТИИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСА Н.И.Т. АШУРИЁН Ш. С. БО ҲАЙАТИ КОРӢ ДАР БИНОИ ТАЪЛИМИИ 2-ЮМИ МУАССИСА Бо admin Охирин навсозӣ Oct 18, 2024 0 Субҳи 17 октябри соли 2024, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва фароҳам овардани фазои мусоиди таълим барои донишҷӯён, ҷонноксозии кор ва фаъолияти таълимӣ, назорати давомот ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, тарғиби риояи қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса, риояи интизоми меҳнат, арзёбии вазъи кунунии ҷараёни таълим мувофиқи талаботҳои амалияи муосири тиббӣ ва муайян намудани самтҳои потенсиалии такмил додани барномаҳои таълимӣ, директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С., муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Қаюмов Ф. Ҷ. ва сардори шуъбаи кадрҳо Икромова С. Ш. ба бинои таълимии 2 – юми муассиса ташриф оварда, ҳамроҳи кормандони бино гардиши назоратӣ гузарониданд.Муаллимаи азиз н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва ҳайати корӣ сараввал аз ҷараёни машғулиятгузаронии кафедраҳои забони англисӣ, забони рӯсӣ, забони тоҷикӣ ва фанҳои табиию риёзӣ дидан намуда, ҳар як синфхонаҳои кафедраҳоро аз назар гузаронда, ба ҳолати таҷҳизоти техникӣ ва ҳолати умумии утоқҳои дарсӣ диққат дода, ба мавҷуд будани маводи зарурии таълимӣ ва захираҳои таълимӣ, ки барои бомуваффақият азхудкунии хонандагон нақши муҳим доранд таваҷҷӯҳ намуда, ҳамчунин зимни гардиш бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбатҳои озоду ошкоро гузаронида, усулу равишҳоеро, ки ба баланд бардоштани самаранокии раванди таълим мусоидат мекунад, фаъолона муҳокима намуданд. Идеяҳо ва равишҳои навоварона пешниҳод шудаанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки донишу малакаи беҳтар пайдо кунанд.Муаллимаи азиз н.и.т. Ашуриён Ш. С. ба ҳозирин муроҷиат намуда, таъқид сохтанд, ки масоили риояи интизоми давомоти донишҷӯён ва сифати дарсазхудкунии донишҷӯён дар мадди аввал қарор дошта, мо ҳамагон низ дар ин бобат бетараф набошем. Ҳамчунин ба омӯзгорон барои ҷоннок сохтани раванди дарс тавсияҳо пешниҳод намуданд, ки аз усулҳои муосири таълимӣ истифода намоянд.Баъд аз анҷоми гардиш, муаллимаи азиз аз боғчаҳо ва тозагии гирду атрофи бинои мазкур дидан намуда, дар анҷоми гардиш ба масъулин ва ҳайати корӣ ҷиҳати иҷроиши нақшаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ Бояд қайд намуд, ки саҳми калони роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар пешрафти коллеҷ мебошад, ки таҳти роҳбарии ӯ коллеҷ ба яке аз муассисаҳои таълимии пешқадами соҳаи тиб табдил ёфт. Мавсуф усулҳои муосири таълимро фаъолона дастгирӣ намуда, пайваста технологияҳои навро ҷорӣ менамояд, то донишҷӯён ба маълумоти пешрафта ва малакаҳои амалӣ дастрас бошанд. Бо саъю кӯшиши мавсуф, муассиса имкониятҳои худро васеъ намуда, доираи васеи барномаҳои таълимиро пешниҳод менамояд, ки ба талаботи муосири соҳаи тиб ҷавобгӯ мебошанд. Ғайр аз ин, МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо муассисаю ташкилотҳои пешқадами тиббӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, то таҷрибаи амалӣ андухта, савияи дониши худро васеъ намоянд. 0 Мубодила кардан