Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

**Терроризм ва экстремизм — хатар ба ҷомеа**

Терроризм ватан, миллат, забон, нажод ва дин надорад.
— **Эмомалӣ Раҳмон**
Имрӯз терроризм бештар ба як хатари фаромиллӣ ва умумибашарӣ табдил ёфтааст. Он на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Терроризм ҳамчун воситаи амалӣ намудани ниятҳои хатарнок ва тамаъҷӯӣ ба ҷомеа, давлат ва амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад. Террористон дар истифодаи зӯроварӣ, таҳдиду фишор ва бераҳмӣ якранганд, гарчанде ки мақсадҳои онҳо метавонад гуногун бошанд.
**Экстремизм**, ки аз калимаи франсузии “extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шудааст, маънояш ифротгароӣ ва тундравӣ мебошад. Экстремист шахсест, ки дар амалҳои худ зӯроварӣ ва якравиро интихоб мекунад. Ин зуҳурот метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла дин, сиёсат ва идеология зуҳур кунад.
**Терроризм** аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш тарсу ваҳш аст. Террористон кӯшиш мекунанд, ки бо истифодаи зӯроварӣ, куштор ва тарконидан мардумро дар ҳолати тарс ва ноумедӣ нигоҳ доранд.
**Радикализм** аз калимаи лотинии “radia” гирифта шуда, маънояш “реша” аст. Радикалистҳо кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи зӯроварӣ ва бе гузашт амал кунанд ва вазъияти мавҷударо қатъиян тағйир диҳанд.
**Фундаментализм** аз калимаи лотинии “fundament” гирифта шуда, маънояш бунёд ё асос аст. Шахсони фундаменталист мехоҳанд тарзи ҳаёт ва сохтори пешинаро барқарор кунанд.
### Навъҳои терроризм
1. **Терроризми миллатгаро**: Ин гурӯҳи террористон худро муборизони роҳи озодии миллӣ меноманд ва зидди намояндагони миллатҳои дигар амалиёти террористиро анҷом медиҳанд.
2. **Терроризми динӣ**: Бештар дар ҷаҳон паҳн шудааст, ки террористон бо ниқоби дин амал мекунанд ва худро муборизони роҳи дин эълон мекунанд.
3. **Терроризми сепаратистӣ**: Мубориза барои ҷудо шудан аз як давлат ва таъсиси давлати алоҳида мебошад.
### Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунгузории худ барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиддии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст. Пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ саҳмгузор бошад.
Омӯзгори кафедраи бемориҳои сироятӣ Қаландарова И.С.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.