Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХӮШАЕ АЗ ХИРМАНИ ОМӮЗГОР

Чун ҳамасола воқиф ҳастем, ки моҳи октябр барои омӯзгорон моҳи хос мебошад. Зеро аввали ин моҳ дар тақвим “Рӯзи омӯзгор” ҷашм гирифта мешавад, ки ҳамагон огаҳ ҳастем. Кулли кормандони соҳаи маориф вобаста ба ин санаи муборак кӯшиш менамоянд, ҷашни касбии худро бо дастовардҳое, ки самари заҳмати софдилона ва содиқона ба миллату давлат мебошад, муносибу сазовор пешвоз бигиранд.
Таҳким бахшидани пояи маърифати ҷомеа, бахусус, насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат, қадрдонӣ аз фарҳанги бостонии тоҷикон тарбия намудани онҳо аз вазифаҳои бунёдии омӯзгорон мебошад. Ҳамзамон, тавсеаи омӯзишӣ фанҳои дақиқ, рушд додани тафаккури техникӣ хонандагон аз рисолатҳоест, ки омӯзгорон имрӯз бар дӯш доранд ва баҳри иҷрои он шабонарӯзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Суханони Пешвои миллат дар мавриди ин, ки “бунёди ҷомеаи мутамаддин бе маориф имкон надорад” ва “бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад” дар ин росто илҳомбахш онҳо мебошад.
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Устод аввалин шахсест, ки ба инсон хату савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд.
Омӯзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами маънӣ моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро ифшоҳ менамояд. Ҳаёт бори дигар исбот сохт, ки давлати омӯзгор ин тарбияи шогирдон мебошад. Ӯ аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хӯшбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯ ба рӯ омадаанд, аммо ҷасурона дар бунёди низоми давлатдорӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Муаллим, омӯзгор — вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошную муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад.
Тавре гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гуем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд.
Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.
Хӯррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омузгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгонист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад.
Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Расад ҷон бар лаби бечора устод.
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайваста.
Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обруманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеч гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.
Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдбориҳост. Наметавон бе мураббӣ алфозе омӯхт, наметавон бе роҳнамо дониш андӯхт, наметавон худ бевосита ба ҷое бирасид, наметавон муаллимро омӯзандаи алфози бузург наномид.
Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо вуҷуди машаққатҳои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва соҳибмаълумот гардонад.
Хулоса, муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургонро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст:
Сари таъзим меорам ба номат ман,
Ки аз ту гаштаам шогирди донное.
Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,
Ки аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омӯзгори меҳрафзое.
Барои ҷуброни меҳнати дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам….
Ҳар, ки накард ҳурмат устоди роҳнаморо,
Аз ақлу дину имон ӯро хабар наб
ошад.
Дар ҳамин рост Пешвои муазами миллат, рӯзи дониш ва дарси сулҳ қайд кардан, ки барои баланд гардидани қадру манзалати омӯзгор қонун дар бораи омӯзгор қабул карда шавад. Ин гувоҳи аз ғамхориҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳким бахшидан дар бораи нуфуз ва манзалати омӯзгор мебошад. Моро бебояд бо касбии интихобкардаи худ фахр карда, содиқона ва софдилона ба халқу ватани азизи худ хизиат кунем.
Умед ба фардои дурахшони имрӯз ва фардои кишвари биҳиштосоӣ худ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.