БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОРӢ
Санаи 15 октябр, зери роҳбарии директори муассисаи таълимӣ, н.и.т. Ш. Ашуриён, ҷаласаи назоратии назди директорӣ бо иштироки воҳидҳои сохторӣ, сардорони шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими зерин баррасӣ шуданд:
Ҷашн гирифтани 30-солагии Рӯзи Конститутсия: нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва иттилоотӣ.
-
Иди Парчами Миллӣ: омодагӣ ва чорабиниҳо барои ҷашни миллии кишвар.
-
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: тадбирҳои дахлдор ва иштироки муассиса дар чорабиниҳои расмӣ.
-
Ҳозиршавии мутахассисони ҷавон: ҳавасмандгардонии ҷавонон барои шомил шудан ба фаъолиятҳои илмӣ ва касбӣ.
-
Иштироки донишҷӯён дар озмунҳо: ташкили озмунҳо ва мусобиқаҳо барои рушд ва инкишофи донишҷӯён.
-
Пешгирии шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ифротгаро: чораҳои пешгирӣ ва фаъолияти таблиғотӣ.