Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АГАР ДАР ҶАҲОН НАБУВАД ОМӮЗГОР…

Дар тамоми даврони зиндагонии инсоният, пешаи омӯзгорӣ чун шарафмандтарин касб эътироф шудааст. Мақому манзалати устод аз ҷониби адибону суханварон, нобиғаҳону мутафаккирон борҳо таъкид шудааст. Устод аст, ки чароғи маънавии ҳаёти мардумро равшан намуда, чашми дили онҳо бедор мекунад ва ҷаҳониёнро аз тирагиву ҷаҳолат наҷот медиҳад. Дар ҳақиқат, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин мебошад ва ба ин мизон, митоишномаҳои зиёди адабиёти пуровоза ва ғановатмандамон гувоҳӣ медиҳанд.
Бувад хони малак хони муаллим, Бирезад гавҳар аз коми муаллим. Фурӯзон бод умре бар сари мо, Чароғи илму ирфони муаллим.
Дар низоми давлатдории миллӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба хиради азалӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, ки дар ҳар баромади худ, соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятноки ҷомеа эътироф намоянд. Пешвои муаззами миллат маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Дар меҳвари маориф, омӯзгор нақши аввалиндараҷа дорад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат бо сарафрозии зиёд муроҷиат карда, ба тамоми омӯзгорон чунин гуфтаанд: “Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед, пеш аз ҳама, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ диҳед.”
Аз қадим бузургони илму адаб бо устод ифтихор намуда, ба ӯ эҳтироми хоса зоҳир мекарданд ва дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамину барнодилро медиданд. Ин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.
Ҷаҳон гар зар бувад, заргар – муаллим, Ҷаҳон баҳр бувад, гавҳар – муаллим.
Мулоқоти сарвари азизамон бо аҳли маориф, ки санаи 1-уми сентябри соли равон баргузор гардид, бори дигар далел ба он аст, ки мо дарси ватандорию ватанпарварӣ ва эҳтироми аҳли зиё, аз ҷумла омӯзгорро, аз Пешвои муаззами худ меомӯзем. Дар рӯзи тантанаи дониш Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: “Эҳтиром ба омӯзгор, эҳтиром ба миллат аст.” Иқдоми шоистаи Президенти кишвар буд, ки худи ҳамон рӯз амр фармуданд: “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.”
Ин ғамхориву дастгирии Пешвои миллат моро бар он вазифадор мекунад, ки дар соҳаи омӯзгорӣ собитқадам бимонем, парчами маърифатро боз ҳам баландтар бардорем, мактаби миллии тоҷикро дурахшу ҷилои нав бахшем ва ҳамқадами замон бошем.
Бо ин ҳама таманниёти нек, кулли омӯзгорони шарафманду сарбаланди Ватани маҳбубамон ва тамоми кормандони соҳаи маорифи мамлакатро ба ифтихори Рӯзи омӯзгор муборакбод менамоем ва барояшон рӯзгори неку пурсаодат ва фаъолияти пурсамару бардавом орзумандем.
Қосимова Саодат Фурқатовна Омӯзгори кафедраи фанҳои тиббӣ-биологии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.