Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабор ва харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди онҳо қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳо ва ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатар эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ, аз ҷумла занон ва кӯдакон, ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дорад ва на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ мегардад, балки сабаби хурӯҷ ва афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам шуда, солимии ҷомеаро зери хатар мебарад. Инчунин, хисоротҳои бузурги буҷавиро ба бор меоранд.
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошанд.
Тибқи маълумотҳо, дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисти худро тарк кардаанд.
Саидов М.А. – омӯзгори кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия, Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.