МЕҲРГОН – РАМЗИ ФАРОВОНИСТ.
“Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.”
Эмомалӣ Раҳмон
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ – Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Ба рӯзи ҳуҷаста сари меҳрмоҳ
Ба сар барниҳад он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини каёнӣ ҷашни нав сохтанд …
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоиву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эҷ манмой чеҳр.
Абулқосим Фирдавсӣ
Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.
Ба гуфтаи донишмандон, суғдиён ҳангоми таҷлил аз ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст, меоростанд.
Хулоса: Сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзиҷот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ як гоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзиҷот ва меваи хушкро ба мамолики хориҷӣ, бахусус Русия содир мекунанд, ки ин амр тақозои иқтисоди бозаргонист. Кишоварз дар фурӯши маҳсулоти хеш озод аст ва барои ба даст овардани даромади хуб метавонад тавлидоти худро ба хориҷи кишвар содир кунад. Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.