Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дар мавриди нақши омӯзгорону ин пеша гуфтаанд: “Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст”. Ҳамин гуна суханони самимӣ ва сидқан арзёбӣ кардани нақши омӯзгорон дар роҳи таълиму тарбия худ баёнгари он аст, ки омӯзгор дар ҳама давра замон ҳидоятгари насли башар дар роҳи илму донишомӯзӣ буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Чунин суханон масъулияти моро дар роҳи таълиму тарбия боз ҳам дучанд менамояд, то дар пешаи хеш бештару беҳтар пайи фаъолият бошем.
Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартабае намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд». … «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
То ҳол дар бораи омӯзгор ва нақши ӯ дар таълиму тарбияи инсон суханҳо гуфтаанду мегӯянд ва дар оянда низ хоҳанд гуфт. Зеро танҳо ҳамин нафаронанд, ки одами аз ҷаҳлу нодонӣ раҳида, хубиро аз бадӣ, ростро аз дурӯғ ва сафедро аз сиёҳ фарқ месозаду ҳаёти шоистаеро барои худу наздиконаш муҳайё месозад.
Дар мавриди нақши омӯзгору рисолати онҳо ҳамеша ва дар ҳама давра замон бузургони донишу хирад ибрози назар намудаанд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Омӯзгор хушбахтии худро танҳо дар комёбии шогирдонаш медонаду вақте як толибилм бо истифода аз донишу хирад муваффақ мегардад, ифтихор менамояд. Дар ин росто низ Президенти кишвар хеле хуб гуфтаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзанди халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад”. Бешак, омӯзгорон қаҳрамонанд – қаҳрамони роҳи дониш, қаҳрамони роҳи таълиму тарбия ва қаҳрамони соҳибдониш намудани насли башар. Заҳмати софдилонаву содиқонаи онҳо ҳамеша дар лавҳи хотири мо пойбарҷост ва заҳмати эшонро ҳамеша қадр месозем.