Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Коррупсия зуҳуроте номатлубест,ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида ,обӯруву эътибори онро коҳиш медиҳад барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароти фароҳам меорад ва дар маҷмуъ ,боиси поймолшавии ҳуқуқӣ инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст . Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст . Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад Тавре ки ба мо маълум аст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст. Аз ҷумла муҳаққиқон Роберт И. Роберт, Келли М. Гринҳилл, Матсев Бунн, Ҷесика С. Тиитс, Эрика Ченовес, Бен В. Ҳейнимен муҳаққиқоне мебошанд, ки коррупсияро чун як мушкилии сатҳи глобалӣ медонанд. Онҳо исбот кардаанд, ки мавҷудияти коррупсия ба амнияти байналхалқӣ таҳдид намуда, боиси боло рафтани қочоқ, паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, рушди терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мегардад .
Хулоса ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.
Хоҷаев Қаҳрамон Гулмирзоевич омӯзгори кафедраи фармакология ва забони лотинӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.