Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРГУЗОРИИ МАШҚИ ТАКТИКИИ МАХСУС ДАР МАВЗӮИ «АМАЛИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДА, НЕРӮҲОИ ҒАЙРИҲАРБИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҲАНГОМИ БА АМАЛ ОМАДАНИ ЗАМИНЛАРЗАИ 6-7 БАЛЛА» ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Санаи 31.10.2024 бо мақсади огоҳ будан аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар мавзўи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи иншоот ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”, тибқи фармоиши Сардори мудофиаи граждании Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷии тиббии ҷумҳуриявӣ н.и.т Ашуриён.Ш.С. ва нақшаи кории кафедраи тибби ҳолатҳои фаввқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ , машқи тактики махсус дар муассисаи таълимӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур маъмурияти коллеҷ, мудир ва омӯзгорони кафедраи тибби ҳолатҳои фаввқулода, омӯзгорону устодон, донишҷӯён ва намояндагон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, Госпитали ҳарбии Кумита, Дастаи махсуси наҷотдиҳии Кумита, Шабакаҳои барқии ноҳияи Сино бо ҳайати шахсӣ, техникаву таҷҳизотҳои махсус, ҷалб гардида, дар ҳамоҳангӣ бо гурӯҳҳои нерӯҳои ғайриҳарбии Коллеҷ, ҳолатҳои фавқулоддаи шартиро бартараф намуданд.
Расмҳо аз рафти баргузории чорабинӣ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.