ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”, НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТИББӢ, АШУРИЕН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА ДАР КУРСИ ОМӮЗИШИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиббӣ Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар курси омӯзишии байналмилалӣ барои кадрҳои роҳбарикунандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Ин чорабинӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, ба баррасии масъалаҳои идоракунии захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ дар кишварҳои минтақа бахшида шуда буд.
Дар рафти курси мазкур, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, бо таҷрибаҳои пешқадам ва стратегияҳои муосири идоракунии кадрҳо шинос гардида, роҳҳои такмили низоми кадрии соҳа ва мусоидат ба рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Иштироки фаъолонаи Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар ин ҳамоиши сатҳи баланд на танҳо саҳми назарраси роҳбарияти тоҷикро дар густариши ҳамкориҳои минтақавӣ нишон медиҳад, балки бар аҳамияти баланд бардоштани сатҳи касбият ва таҳкими захираҳои кадрӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таъкид мекунад.