Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ XV –УМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАШКИЛИ РАВАНДИ ҲАМШИРАГӢ” ДАР МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Мутобиқи банди 6-и Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 94, банди 4-и Оинномаи коллеҷ,ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.соли 2018, № 532 тасдиқ карда шудааст ва иҷрои банди 3-и нақшаи ягонаи коллеҷ оид ба беҳтар намудани фаъолияти омӯзгорону кормандон ва фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10. соли 2024 № 724 санаи 26-уми декабри соли 2024 Конференсияи илмӣ-амалӣ доир ба мавзӯи “Усулҳои муосири ташкили раванди ҳамширагӣ” бахшида ба «33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия Юсуфӣ Саломиддин Ҷаббор- сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадализода Бобоҷон – сардори Раёсати Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир Иззат – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва директорони коллеҷҳои тиббӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббию илмӣ, табобатӣ-профилактикӣ, офиятӣ ва фарматсевтӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии илмӣ пеш аз ҳама пешниҳоди дастовардҳои илмӣ, навгониҳо дар бахши таълим, хабарҳои илмии муҳим дар мавзӯъҳои таҳкимшуда мебошад, ки аз ҷумла: Усулҳои муосири омодасозӣ ва ташкили раванди кори ҳамширагӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, равишҳои муосир барои таёр кардани ҳамшираҳои шавқат, хусусиятҳои раванди ҳамширагӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, нақши ҳамшираҳо дар системаи нигаҳдории тандурустӣ, нақши ҳамшираҳои тиббӣ дар муоина буда, мавзӯъҳои муҳокимашуда метавонанд, масъалаи илмӣ, аз қабили баланд бардоштани сифати муоина, табобат, пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, корҳои амалӣ дар бахши маориф ва тандурустӣ бошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.