Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КОРРУПСИЯ – ЯКЕ АЗ ХАТАРҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ ҶАҲОНӢ

Коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимтарини замони муосир ба ҳисоб рафта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси ташвиши ҷиддӣ шудааст. Ин зуҳурот дар як радиф бо хатарҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дорад, зеро боиси ақибмонии давлатҳо ва фалаҷ шудани сохторҳои онҳо мегардад. Коррупсия ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як аъзои он зарари ҷиддии моддиву маънавӣ мерасонад.

КОРРУПСИЯ (аз калимаҳои лотинӣ corrumpere – «фасод кардан», corruptio – «ришвахӯрӣ, тамаъҷӯӣ; зиён, вайроншавӣ, фасод») маънои сӯиистифода аз мақоми хидматиро бо мақсадҳои шахсӣ ифода мекунад.

Коррупсия як мушкили қадимӣ аст. Аз таърих маълум аст, ки дар ҳама давру замон барои пешгирии ин амали номатлуб донишмандон ва аҳли зиёи он давраҳо рисолаю мақолаҳо нашр кардаанд. Яке аз аввалин рисолаҳо дар бораи фасоди молӣ «Артха-шастра» мебошад, ки онро вазири Ҳиндустони қадим бо тахаллуси Каутиля дар асри IV-и пеш аз милод навиштааст. Ӯ дар он чунин хулоса мебарорад: «Молу мулки подшоҳро ҳатто як қисми хурд низ аз ҷониби масъулони он набояд аз худ карда шавад».

Гарчанде коррупсия дар замонҳои гуногун ва ҷойҳои мухталиф шаклҳои гуногун дошт, оқибатҳои он ҳамеша зараровар буданд. Имрӯз мушкилоти коррупсия ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, зеро он ба рушди иқтисодиёт, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон, болоравии обрӯи давлат ва низоми сулҳу субот халал мерасонад ва боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.

Барои пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия, 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид зидди коррупсия қабул гардид. 9 декабри соли 2003 зиёда аз 100 давлати ҷаҳон дар ин конвенсия имзо гузоштанд. Аз ҳамон вақт инҷониб 9 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия ҷашн гирифта мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои пешгирӣ ва паст кардани шиддати коррупсия тадбирҳои судманд меандешад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳо ва санадҳои зарурӣ қабул ва амалӣ карда шудаанд, ки иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар мубориза бо ин зуҳурот таъмин менамоянд.

Инчунин, дар кишвар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст, ки барои иҷрои вазифаҳои худ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат дар самти истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, ошкорсозӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд фаъолият мекунад.

Агар ҳар яки мо барои ободии Ватани худ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқона ва бо масъулият дар ин самт саҳмгузор бошем, метавонем то андозае шиддати коррупсияро коҳиш диҳем.

Хулоса, коррупсия таҳдиди ҷиддӣ ба рушди ҷомеа аст. Барои рафъи он на танҳо амалҳои ҳукумат, балки талоши тамоми аъзоёни ҷомеа зарур аст. Танҳо бо ҳамкорӣ ва садоқат метавон ин мушкилотро аз байн бурд.

Омӯзгори кафедраи кори дандонсозӣ:
Мавлонзода Толиб Ғоибназар

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.