Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Ваҳдати миллӣ – омили саодати мардум Ҳамватанони азиз!

Шуморо ба рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, ба шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти касбиатон комёбиҳо ва муваффақиятҳои эҷодиро таманно дорам.

Ногуфта намонад, ки миллати кӯҳанбунёди мо дар тӯли ҳазорсолаи бедавлатӣ орзуҳои зиёдеро дар дил парвариш намудааст, ки имрӯз вақти амалӣ намудани онҳо фаро расидааст. Амалӣ намудани ин ҳама орзуҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ бар души мо вогузор мебошад, ки ин кори бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо ҳамаи орзуҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини ваҳдати миллӣ амалӣ карда мешаванд.

Хишти аввалини Ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда буд. Роҳбари навинтихобшуда  дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури намояндагони халқ бо як овози матину боварибахш Савганд ёд карданд ва ваъда дода буданд, ки ба мардум сулҳ меоранд. Сулҳе, ки барои мардум саодату оромиро меовард бидуни мутаҳиддӣ дар асоси Ваҳдати миллӣ номумкин буд.

Имрӯз ватани азизу маҳбуби мо дар як фазои оромиву сулҳу субот рушд карда, рӯз аз рӯз гулгуншукуфон гашта истодааст. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва оромиву шукуфоии кишвари маҳбубамон асосӣ мебошад.

Чуноне, ки  Пешвои муаззами миллат қайд намуданд: “Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад”.

Мо дар навбати худ, бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем ва заҳмати кашидаи Пешвои муаззами худро дар ҷодаи сулҳпарварӣ қадр намоем.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳурияӣ”.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.