Хабарҳо ҶАВОНОН ВА ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ Бо admin Охирин навсозӣ Oct 28, 2021 0 “Шумо ҷавонон – умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”. Эмомалӣ Раҳмон Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад,ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити сӯзанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст. Иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва ҳавасмандгардонии ҳама қишрҳои ҷомеа дар тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ муҳиму саривақти мебошад. Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад, ки бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ ҳаррӯза дар муборизаи иттилоотӣ қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем, сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас амали намоем. Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд». Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқуъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «Давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ, паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад. Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва терористӣ паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад, ки умуман хатари созмонҳои ифротиро барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва умуман аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хосатан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Имрӯз дар ҳақиқат вақти он расидааст, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишаванд ва ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм майл намудани онҳо пешгирӣ карда шавад. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад. Бояд қайд намуд, ки масъалаву мушкилоти ҷавонони кишварро ба таври умумӣ дар якҷоягӣ хулоса ва баҳогузорӣ кардан душвор ва нодуруст аст. Зеро, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамонҳое ҳастанд, ки дар мактаб мехонанд, дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар соҳаҳо ва сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ кор мекунанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд. Бо ҳамин мақсад, санаи 25.10.2021с. тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душабе вохурӣ бо иштироки маъмурияти коллеҷ ва намояндагони Раёсат Ғаффоров Юсуф ва Шарипов Додихудо дар мавзӯи “Ҷавонон ва хатари ифротгароӣ”, “Дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлол” ва инчунин ҷалби ҷавонони коллеҷ ба волонтиёрӣ (ихтиёриён) дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ меҳмонон дар бораи дастовардҳои ҷавонон дар 30 соли Истиқлолият, шомил нашудани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои терористию эктремистӣ ва хатарҳо аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя маърузаҳо намуданд. Дар охир намояндагони Раёсат бо ҷавонони фаъоли коллеҷ саволу ҷавоб намуда ба онҳо Сипоснома тақдим намуданд. Маъмурияти коллеҷ Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан