Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 23.11.2021с. тибқи нақша – чорабиниҳои коллеҷ дар асоси мактуби воридгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 23.02.2021с. ва дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани хувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандагӣ иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонт, ки санаи 26-уми январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, дар толори маҷлисгоҳи нави замонавии  коллеҷ бо устодону донишҷӯён вохурӣ доир гардид.

Дар аввал директори Муассиса, муаллимаи ширинсухан н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода  суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон қайд менамоянд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо Истиқлолияти давлатамонро пойдор нигоҳ дошта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан мебошад. Яъне насли имрӯз бояд шахсони бомаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллати хеш ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд. Маҳз ҳамин таъкидҳои Пешвои миллат мо омӯзгоронро муаззаф месозад, ки баҳри хифзу пойдории Истиқлолияти кишвар ва дар ин замина ҷиҳати тарбияи насли ояндасози кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳиссагузор бошем. Ин аст, ки коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамасола мутахассисони миёнаи тиббро, ки  ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошанд, тайёр намуда, ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриямон ва берун аз он сафарбар менамояд.

Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад карда, зикр намуданд, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмии барномавӣ ва муайянкунада буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Пешвои миллат барои ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад. Таъкид карда шуд, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар амалӣ мегардад, ки дар ҳақиқат як тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихи халқи тоҷик аст.

Дар идома инчунин Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода баромад намуда, қайд карданд, ки ҷавонон ва донишҷӯёни коллеҷ дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ дар сатҳи ноҳиявӣ ва чӣ дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил карда мешавад, фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи ҷавонон шахси сулҳпарвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисли “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва  “Илм – фурӯғи маърифат” роҳандозӣ намудааст, ки дар ин озмунҳо донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок намуда, сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дарёфти олимони ҷавон ва  татбиқ намудани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”, ки барои мусоидат ва амалӣ намудани ҳадафи 4 -уми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” басо муҳим ва сари вақтист. Албатта ин озмунҳо дар мадди аввал ба манфиати ҷавонони кишвар ва баъдан ба манфиати падару модару миллату давлату ҷомеа мебошад.

Дар охири вохӯрӣ байни \намояндагони мақомоти шаҳр ва кормандону донишҷӯёни коллеҷ саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Чанде аз донишҷӯёни фаъоли коллеҷ бораи боз ҳам таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа ва  баланд бардоштани хуввияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ ба сиёсати созандаи имрӯзаи кишварамон равона гардиааст, пешниҳодҳо намуданд.

 Маъмурияти коллеҷ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.