Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромиқадр! Дӯстони азиз!

Расо як сол қабл мову шумо ва тамоми одамони рӯи замин оид ба дигаргуниҳои мусбӣ фикр мекардем, орзу ва умедҳо доштем. Оре, вируси нави хавфнок маҷбур сохта буд, то ин ки тарзи муқаррарии зиндагӣ, кору фаъолият таъғир ёбад ва нақшаҳои зиёде аз нав дида баромада шавад. Аммо дунё чунин тартиб дода шудааст, ки дар он озмоишҳо ногузиранд.  Албатта, новобаста ба вазъияти душвори сиёсӣ, эпидемиологӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон тавонистанд, ки зарари вазъияти баамаломадаро ба иқтисодиёти кишвар ва мардум то ҳадди минималӣ расонанд.

Хотирнишон менамоям, ки соли 2021 дар ҷаҳон намудҳои зиёди вируси COVID-2019 паҳн шуд, иқтисодиёти бозаргонӣ куллан таъғир ёфт ва вазъияти ҳамсоядавлатамон Афғонистон муташаниҷ гашт, аммо бо дарназардошти заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ин таъғиротҳоро ҳис накарданд. Мо ҳамагон хушбахт ҳастем, ки чунин як Президенти ғамхор ва оқил дорем, зеро дар соли 2021 нисбат ба дигар мамлакатҳои дунё мардуми шарифи тоҷик ҳаёт ва зиндагиро дар як фазои озоду осоишта бе ягон намуд маҳдудиятҳо паси сар намуданд.

Мо ин солро якҷоя бо як шаъну шараф гусел кардем ва ин хоси мардуми ягонаест, ки анъанаҳои ниёгони худро гиромӣ медорад. Арзишҳои мисли далерӣ, раҳм ва шафқат дар қалби мо, дар хислат ва рафтори мост. Имрӯзҳо муҳим аст, ки ба худ боварӣ дошта бошем, аз душвориҳо ҳарос надошта бошем ва ягонагии худро нигоҳ дорем, зеро ин аст асоси муваффақиятҳои умумии мо дар оянда.

Дӯстони азиз!

Соли нав вақти амалӣ шудани орзуҳо, амалӣ шудани умедҳо ва таассуроти равшан аст! Пас биёед дар ин лаҳзаҳо сулҳу осоиш, бахту саодат ва шодиро барои ҳар касе, ки дар назди мост ва барои мо азиз аст, барои тамоми мамлакатамон орзу кунем. Шуморо аз самими қалб бо фарорасии Соли Нав табрик мегӯям. Ман мехоҳам, ки ҳама орзуҳои шумо амалӣ шаванд, зиндагӣ идеалӣ ва шукуфоӣ назаррас бошад! Орзу дорам, ки дар Соли нав рӯзҳои равшан фаровон бошанд, саломатӣ мустаҳкамтар гардад, сарват зиёда гардад, шодӣ фаро расад ва муҳаббат илҳом бахшад! Ба шумо дар соли нави 2022 хушбахтӣ таманно дорам!

Соли Нави мелодӣ, сол 2022 муборак бошад!

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
н.и.т., АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.