Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2021 ВА ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА БАРОИ СОЛИ 2022

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2021 ва вазифагузорӣ барои соли 2022 дар асоси талаботи боби 4, банди 13 Оинномаи ҲХДТ ва қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия аз 28 декабри соли 2021 имрӯз дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Ширинбекзода С., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода И.Х., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода З.Ф., муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Каримова А.О. ва аъзои Кумитаи иҷроия Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Инчунин дар кори Маҷлиси Кумитаи иҷрия як қатор раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис оид ба омӯзиш ва тасдиқи нақша чорабиниҳо оиди тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 Ширинбекзода С. – мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ баромад намуда, нуктаҳои Паёми имсолаи Роҳбари давлатро дар самтҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дод.

Тибқи рӯзномаи Маҷлис аз рӯи масъалаи дуюм гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Файзуллозода З.Ф. “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2022” шунида шуда, музокирачиён фаъолияти Кумитаро дар соли сипаригардида қаноатбахш ҳисобиданд.

Ичунин доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми Маҷлис як қатор фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Дастгоҳи КИМ ҲХДТ қадрдонӣ гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавононе, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Аз ҷумла муовини директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Муминзода Ҷ.С. низ ба Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Синои шаҳри Душанбе қадрдони карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.