Хабарҳо АЗ НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ ШАҲРӢ ТО БА ҶОИ 2-ЮМ САРФАРОЗ ГАРДИДАНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jan 18, 2022 0 Санаи 18 – уми январи соли 2022 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолои ҳизб ва як қатор вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.Дар ҷаласа масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022, тасдиқи нақша – чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми декабри соли 2021, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2022 ва масъалҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Дар фарҷоми маҷлис барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани аъзоёни ҳизб аз рӯи якчанд номинатсияҳо бо сипоснома, ифтихорнома ва диплом сарфароз гардонида шуданд, ки ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон” дар фестивал озмуни шаҳрӣ аз руи номинатсияи “Ташкилоти беҳтарин” ҷои 2-юмро сазовор ва соҳиби дипломи дараҷаи 2-юм гардид. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан