Хабарҳо Маросими бастани Созишномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ва Муассисаи давлатии таълимии касбии худмухтори вилояти Тюмени Федератсияи Руссия, «Коллеҷи тиббии Тоболск ба номи Володя Солдатов» Бо admin Охирин навсозӣ Jan 31, 2022 0 Санаи 25.01.2022с. маросими бо тантаниаи бастани Созишномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ва Муассисаи давлатии таълимии касбии худмухтори вилояти Тюмени Федератсияи Руссия, «Коллеҷи тиббии Тоболск ба номи Володя Солдатов» тариқи онлайн бо иштироки кормандони Раёсатҳои ҳарду коллеҷ баргузор гардид. Дар аввали маросим ролики таблиғотии Муассисаҳо пешкаши бинандагон гардида, баъдан ровиёни маросим Ольга Ивановна Бурсева, Андрей Новгородов кушодашавии маросимро эълон намуда, қайд намуданд: “Имрӯз, 25-уми январи соли 2022, дар Руссия чун рӯзи умумии донишҷӯён ҷашн гирифта мешавад, як воқеи таърихӣ рӯй медиҳад. Дар ин рӯз як воқеаи муҳим дар таърихи ду коллеҷи тиббӣ – Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии таълимии касбии худмухтори вилояти Тюмен «Коллеҷи тиббии Тоболск ба номи Володя Солдатов» рӯй медиҳад.” Ин воқеи муҳим бастани “Созишномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» ва Муассисаи давлатии таълимии касбии худмухтори вилояти Тюмени Федератсияи Руссия, «Коллеҷи тиббии Тоболск ба номи Володя Солдатов»” мебошад, ки тариқи онлайн имзо гардид. Ҳадаф аз бастани шартнома ин таъмини таҳсилоти миёнаи тиббии босифати ҷавобгӯ ба талаботи истеъмолкунандагон, давлат ва ҷомеа мебошад. Инчунин тибқи нақшаи ин созишнома як қатор корҳо ба нақша гирифта шудааст. Баъдан ровиён, сухани навбатиро ба директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳло Сайфуллозода Ашуриён доданд. Директори Муассиса, муҳтарама Шаҳло Сайфуллозода суханронӣ намуда, сараввал аз ба имзо расидани ин Созишнома истиқбол намуда, қайд намуданд: “Имрӯз, 25 январи соли 2022 дар таърихи ду коллеҷи тиббӣ: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи таълимии давлатии касбии худмухтори Вилояти Тюмен «Коллеҷи тиббии Тоболск ба номи Володя Солдатов»-и Федератсияи Руссия, вокеаи таърихӣ ба амал меояд: Ин имзои Созишнома дар бораи хамкории байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва корҳои тадкикотӣ мебошад. Муассисаи таълимии давлатии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Он дорои таърих ва анъанаҳои ғанӣ мебошад, ки ҳадафаш таъмини таҳсилоти босифати миёнаи тиббӣ мебошад. Коллеҷи тиббӣ соли 1935 таъсис ёфтааст. Соли 1937 аз рӯи ихтисосҳои «Фельдшер», «Фельдшер — акушерка», «Хамшираи шафкат» аввалин хатмкунандагон 77 нафар коллеҷро хатм карданд. Коллеҷ дар солҳои мавҷудияти худ дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси миёнаи тиб барои муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми калон гузоштааст.Имрузҳо техникуми мо барои тайёр кардани кадрҳои миёнаи тиб базаҳои азими таълимию истедсолӣ ва иқтисодӣ дорад. Ҳоло дар коллеҷ зиёда аз 9000 (нӯҳ ҳазор) нафар донишҷӯён аз рӯи 11 ихтисоси дорои маълумоти миёна ва миёнаи нопурра ба илму дониш фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар коллеҷ 28 кафедра, аз ҷумла: 7 – таҳсилоти умумӣ, 4 – фанҳои умумии тиббӣ ва 17 – фанҳои тахассусӣ мавҷуд аст. Айни замон Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ «- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллеҷҳои тиббии Федератсияи Россия (Коллеҷи тиббии Санкт-Петербург No2), Омузишгоххои олии тиббии Алмаато, Павлодар, Караганда, Чимкент — РСС Казокистон, Коллеҷи тиббии Бишкек – Ҷумҳурии Қирғизистон, ва Коллеҷи тиббии Тошкент – Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома ва ҳамкориҳои зич дорад.” Баъдан ҳар ду тараф, ҳайати Раёсати кормандони худро муаррифӣ намуда, ҳамдигаро бори дигар барои бастани ин Созишнома табрик намуданд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан