Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Омӯзиши нуқтаҳои паём

Санаи 6 уми феврали соли 2018 вохурии кормандон, омўзгорон ва донишҷўёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳурявӣ” бо намояндагонӣ Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, намояндаи Раёсати амнияти шаҳри Душанбе, намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи кор бо ҷавонони ноҳияи Сино оиди омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат оид ба вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, дастгирии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Зимни суханрониҳояшон иштирокчиён аз омӯзгорон ва ҷавонон таъкид ба ҷо оварданд, ки ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ бирасанд, онро эҳтирому ҳифз намоянд. Дар охири ҷаласа директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ш.Ашуриён суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷ аз дастгирии Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд гашта, сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, минбаъди низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон ироа доштанд саъю кӯшиш намоянд.

Дар мулоқот иштирок доштанд:
1. Караматулло Мирзоев – Нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Рудобаи Мукаррам –Муовини ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
3. Абдуллоев А. – корманди раёсати амнияти шаҳри Душанбе
4. Гулов М. мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе
5. Субҳизода Д. Мудири бахши кор ҷавонони ҳукумати ноҳияи Сино
6. Бобоева Ш. – сармутахассиси Кумитаи Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.