Донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни “Рафиқона” байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшида ба Наврўзи Аҷам ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки санаи 3 марти соли 2018 дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе баргузор гардид фаъолона ширкат варзиданд.
Дар озмуни мазкур:
-Ҳиҷрони Суҳроб донишҷӯи бахши 3 – юм факултаи “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Забони англисӣ” ҷойи 1 – ум;
– Лоиқова Таманно донишҷӯи бахши 2 – юми факултаи “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Биология” – ҷойи 1- ум;
– Ҷураева Тахмина донишҷӯи бахши 2 – юми факултаи “Кори момодоягӣ” аз фанни “Забони русӣ” – ҷойи 2 – юм;
– Шарипова Маҳина Шуҳратовна донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Кори ҳамширагӣ” аз фанни “Забон ва адабиёти тоҷик” – ҷойи 3 – юм;
– Шарифзода Маҳмадшариф Шамсиддин донишҷӯи бахши 1 – уми факултаи “Кори умумитиббӣ” аз фанни “Химия” – ҷойи 3 – юмро ишғол намуда, аз тарафи тадорукоти озмун бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар озмун аз рӯи ҷамъи холҳои даставӣ Коллеҷ сазовори ҷойи 3 – юм гашта, бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.