Аз санаи 15 январ то 27 январ дар муассиса мусобиқаи бозии волейбол барои дарёфти Ҷоми директори муассиса ба роҳ монда шуд,ки дар он дастаҳои ҳам занонаву ҳам мардонаи маъмурият, деканҳои факултаҳо ва кафедраҳои коллеҷ фаъолона иштирок намуданд ва аз ин мусобиқа чунин натиҷагирӣ карда шуд:
– дастаҳои мардона
1. Ҷои аввал – дастаи деканҳои факултаҳо
2. Ҷои дуюм – дастаи кафедраи «биологияи тиббӣ»
3. Ҷои сеюм – дастаи маъмурияти муассиса
– дастаҳои занон
1. Ҷои якум – дастаи кафедраи «биологияи тиббӣ»
2. Ҷои дуюм – дастаи маъмурияти муассиса
Дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2018 таҳти №7 бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 феврали соли 2018 мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди «Тирпаронӣ» байни донишҷӯёни донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҳудуди ноҳияи Сино дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаи тирандозони коллеҷ бомуваффақият баромад намуда. ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар ҳисоби шахсӣ миёни духтарон донищҷӯи гурӯҳи 301 факултаи «Кори ҳамширагӣ» (баъд аз синфи 9) Наимова Шаҳноза мақоми аввалро ишѓол намуд. Ҳамзамон, дар асоси мактуби Коллеҷи информатика ва техникаи компиютерии шаҳри Душанбе аз 5 феврали соли 2018 таҳти №30 санаи 16-17 феврали соли равон мусобиқаи рафиқона байни омӯзгорон оид ба волейбол бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи Артиши миллӣ доир гардид ва дар он дастаи мунтахаби омӯзгорон оид ба волейбол фаъолона иштирок намуданд. Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2018 таҳти №14/2-363 бахшида ба Рӯзи Артиши Миллӣ шурӯъ аз 15 то 24 феврали соли 2018 дар толори варзишии муассиса дар байни дастаҳои мунтахаби факултаҳои коллеҷ мусобиқаҳо ва чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва ҳарбӣ аз қабили бо низом қадам задан, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, волейбол, баскетбол, бандкашӣ ва шоҳмот доир карда шуд ва чунин натиҷа ба бор овард:
Ба низом қадам задан:
1. Факултаи «Кори фарматсевтӣ»
2. Факултаи «Кори ҳамширагӣ»
3. Факултаи «Кори дандонсозӣ»
Дастхобонӣ
1. Факултаи «Кори дандонсозӣ»
2. Факултаи «Кори тиббӣ профилактикӣ»
3. Факултаи «Кори умуми тиббӣ»
Вазнбардорӣ
1. Факултаи «Кори фарматсевтӣ»
2. Факултаи «Кори техникаи тиббӣ»
3. Факултаи «Кори табобати дандон»
Волейбол
1. Факултаи «Кори дандонсозӣ»
2. Факултаи «Кори фарматсевтӣ»
3. Факултаи «Ташхис ва табобати нурӣ»
Баскетбол:
1. Факултаи «Кори тиббӣ профилактикӣ»
2. Факултаи «Кори ҳамширагӣ»
3. Факултаи «Кори фарматсевтӣ» (шабона)
Бандкашӣ:
1. Факултаи «Кори фарматсевтӣ»
2. Факултаи «Кори дандонсозӣ»
3. Факултаи «Кори ҳамширагӣ»
Шоҳмот:
1. Факултаи «Кори момодоягӣ»
2. Факултаи «Кори ҳамширагӣ»
3. Факултаи «Кори умуми тиббӣ»
Инчунин, дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2018 таҳти №53 бахшида ба Рӯзи модарон санаи 6 марти соли 2018 дастаи тирандозии духтаронаи коллеҷ дар чорабинии варзишии тирпарронӣ аз силоҳи пневматикӣ, байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе дар Клуби ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Рӯзҳои 9 то 16 марти соли 2018 мусобиқаи шаҳрӣ оид ба бозии волейболи духтарона бахшида ба «Рӯзи модарон» доир гардид, ки дастаи мунтахаби духтаронаи волейболбозон дар он бомуваффақият баромад намуда, мақоми чорумро ишѓол намуданд. Ҳамзамон, тибқи мактуби Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз 9 марти соли 2018 таҳти №02/8018 аз 14 то 17 марти соли равон дар толори вазишии коллеҷи мазкур мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол ва шоҳмот баргузор гардиданд ва дар он низ дастаҳои мунтахаби донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дастаҳои мунтахаби омӯзгорон сазовори ҷои сеюм шуданд. Дар ҳисоби шахсӣ оид ба шоҳмот омӯзгори кафедра Сайёраев М. мақоми сеюмро касб намуд. Дар санаи 19 март дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштин байни донишҷӯёни муассиса аз рӯи вазнҳои 60 кг, 65 кг, 70 кг ва 75 кг ба роҳ монда шуд ва аз он чунин натиҷагирӣ шуд:
Дар вазни 60 кг.
1. Собирзода Саъдӣ аз гурӯҳи 201 факултаи КУТ
2. Ватанов Меҳроҷ аз гурӯҳи 112 факултаи КФ
3. Рустамов Қудратулло аз гурӯҳи 117 факултаи КУТ
Дар вазни 65 кг.
1. Қурбонов Зоир аз гурӯҳи 114 факултаи КФ
2. Абдулмуминзода Аминҷон аз гурӯҳи 107 факултаи КФ
3. Сафарзода Исроил аз гурӯҳи 105 факултаи КФ
Дар вазни 70 кг.
1. Сафаров Ҷамолиддин аз гурӯҳи 307 факултаи КУТ
2. Низомов Қиёмиддин аз гурӯҳи 114 факултаи КФ
3. Гулов Суҳайл аз гурӯҳи 103 факултаи КҲ
Дар вазни 75 кг.
1. Шамсуллоев Исҳоқҷон аз гурӯҳи 114 факултаи КФ
2. Додобоев Абӯбакр аз гурӯҳи 301 факултаи КФ
3. Азизов Саидислом аз гурӯҳи 302 факултаи КФ
Инчунин, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 таҳти №997 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи даставӣ миёни муассисаҳо ва ташкилоти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ-2018», таҳти шиори «Варзиш гарави солимии ҷомеа» дар соли 2018 дастаи футболбозони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда истодааст.