Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕРРОРИЗМРО ТАНҲО БО ТАДБИРҲОИ МУТАШАККИЛОНА МЕТАВОН РЕШАКАН НАМУД

Таи ду соли охир, ки тамоми мамолики олам бо ҷидду ҷаҳд барои решакан намудани вабои воқеӣ – бемории сироятии коронавирус мубориза мебаранд, вабои дигаре, ки даҳсолаҳост решакан нагардида, дар зеҳни инсоният тухми ҳаросро коштаасту ҳазорон нафарро аз ҷонҳои ширинашон маҳрум кардааст то андозае ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Ин вабои аз коронавирус ҳам даҳшатовар терроризм ва экстримизм мебошад. Аммо ҳодисаҳои охири дар Афғонистони бо Тоҷикистон ҳамсоя рухдода дубора ин мавзӯро ба минбарҳои баланди байналмиллалӣ кашид. Зеро хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо сарварии ИМА ва иваз шудани низоми сиёсӣ дар Афғонистон вазъи  амниятиро на танҳо дар ин кишвар, балки дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам печидатар намуд ва қудратро ба даст гирифтани гурӯҳи террористии “Толибон” сабаби аз нав аз худ дарак додани гурӯҳи террористии дигар “Давлати исломии Хуросон” гардид.

Барои он, ки то кадом андоза даҳшатафкан будани гурӯҳи террористии «ДИ-Хуросон» возеҳ аён гардад, рӯ овардан ба омори амалҳои террористии он кофист. Масалан, дар соли якум ташкил шуданаш дар қаламрави Афғонистон ин гурӯҳ ҳамагӣ 60 амалӣ террористӣ анҷом дода буд. Аммо танҳо дар як соли гузаштаи 2021-ум терррористони  “Давлати исломии Хуросон” муяссар гардид, ки 334 амали ҳадафмандонаи террористиро роҳандозӣ намояд. Даҳшатовараш ин аст, ки амалҳои террористии пурсарусадотарин ва хуношомтарини гурӯҳ баъди дар Афғонистон ба сари ҳокимият омадани толибҳо ташкил карда шудаанд ва шумораи қурбониҳо ба садҳо мерасад.

Масалан, 26-уми август, баъди 10 рӯзи аз тарафи толибҳо ишғол шудани Кобул, худкушҳои «ДИ-Хуросон» дар байни тӯдаи афғонистониҳо, ки дар назди фурудгоҳ бо мақсади тарки кишвар ҷамъ шуда буданд, таркишҳо ташкил намуданд. Қариб 200 кас ба ҳалокат расид, аз ҷумла 13 низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА. Ин талафоти калонтарини амрикоиҳо дар як вақт тӯли 10 соли ҳузурашон дар Афғонистон аст.

3-юми октябр дари назди яке аз масҷидҳои калони сунниҳои Кобул бо номи «Идгоҳ» вақти ҷанозаи модари яке аз намояндагони «Толибон» таркиш ба вуҷуд омад. Дар маросими дафн аъзои зиёди ин ҷунбиши бунёдгаро иштирок доштанд. Дар натиҷаи таркиш қариб даҳ кас ҳалок шуд. Баъди камтар аз як ҳафта худкуш худашро дар масҷиди шиаҳои шаҳри Кундуз тарконд. Қариб 300 кас мурдаву ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла кӯдакон.

Масъулияти ҳамаи амалҳои террористии зикршударо «ДИ-Хуросон» бар дӯш гирифт.

Яъне ин гурӯҳи террористии даҳшатафкан барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ба ҳеҷ кас – на пиру на ба тифли наврас раҳм намекунад. Ин ҳодисаҳои мудҳиш возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддии амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Бо дарназардошти печида ва идоранашаванда гардидани вазъият дар ин кишвари бо Тоҷикистон сарҳади тӯлонитариндошта  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 21 декабри соли 2021 чунин таъкид намуданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.

Ҳамчун сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳони Пешвои миллат ҷомиаи  ҷаҳониро бори дигар аз ғайри қобили қабул будани саҳлангорӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ҳушдор доданд: «Солҳои охир терроризм ва экстримизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусиятҳои экстримистӣ ва террористи дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Пешвои миллат ба ин хатари сатҳи глобалӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, қайд карданд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст.

 Терроризм ва экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад. Бинобар ин, зарур аст, дар муқобили гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом ба амалҳои ғайриинсонияшон хуни ноҳақ рехта, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Ин нуктаро Президенти мамлакат дар Паёми худ хеле равшан ва возеҳ баён намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд”.

Табиист, ки алайҳи ин вабо ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасад ва воқеаҳои дар кишвари Қазоқистон рухдода ва вокуниши кишварҳои пасошӯравии узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба он то чӣ андоза муассир будани муборизаи дастаҷамъонаро бо гурӯӯои террористӣ бори дигар собит намуд. Маълум гардид, ки шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм – фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари кишварҳо ва чунин созмонҳои ҷаҳонию минтақавист.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки майлу рағбати ҷавонон ва наврасони мо нисбат ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Бинобар ин, зарур аст, ки дар ин давраи ҳассос мо ҳушёрӣ  ва эҳтиёткориро фаромӯш насозем. Ба насли наврас ва ҷавонон тарзи ҳайёти солимро тарғибу ташвиқ намоем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки наврасону ҷавонон аз вақти холӣ дуруст истифода карданро ёд гиранд. Зеро осебпазиртарин қишри ҷомеа маҳз ҷавонону наврасон мебошанд, ки дар бисёр мавридҳо ноогаҳона тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми мубаллиғони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ меафтанд.

Мо бояд дар ниҳоди насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул диҳем. Зеро маҳз онҳо онҳо ояндаи давлату миллатанд ва рисолаташон муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун кишвари осоишта, пешқадам ва сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Вазъи сиёсии ҷаҳон дар чанд соли охир собит намуд, ки ҳатто пешрафтатарин мамолики ҷаҳон аз хатари терроризм ва экстремизм эмин буда наметавонад ва яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа дар ҳар кишвар бояд тарбияи маънавии насли ҷавону наврас бошад. Барои ин корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳои инфиродӣ, чопи китобҳо, дастурҳои омӯзишӣ, мақолаҳои таҳлилӣ, тарбияи динию маънавӣ, барномаҳои телевизиониву радиоии ҳадафмандонаро роҳандозӣ намудан зарур аст. Зеро бе захираи кадрӣ мондани гурӯҳҳои террористию эктримистӣ дар ниҳоят ба аз байн рафтани онҳо мусоидат менамояд.

Тартибдиҳанда: 
Муминзода Ҷ.С – муовини директор оид ба корҳои
илмӣ – методӣ, иноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.