Хабарҳо ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ Бо admin Охирин навсозӣ Mar 19, 2022 0 Омӯзгорони мӯҳтарам ва донишҷӯёни азиз! Ба сарзамини зебои диёрамон, Тоҷикистон – рамзи баҳору навсозӣ, ҷашни фархундаи Наврӯз фаро мерасад. Аз самими қалб Шумо – модарону падарон, хоҳарону бародарон ва фарзандони азиз, ва дар симои шумо тамоми мардуми шарифи ватанамонро бо ин иди фархунда, Соли нави миллӣ – табрику таҳният мегӯям. Дар ин айёми нуронӣ, ки дилҳои мо пур аз шодиву фараҳ аст, ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ ва дар хонаатон файзу баракатро таманно дорам. Дӯстони азиз! Имрӯзҳо мардуми шарифи мо дар ҳар гӯшаву канори ватан, шаҳру деҳот ва боғҳои гул-гулшукуфони пойтахтамон сайру ҳунарнамоӣ карда, Наврӯзи деринтизорро пешвоз мегиранд. Ҳамаи ҳамватанони мо ҳамдигарро шодона табрик намуда, аз Худованди мутаъол барои ин рӯзҳои дурахшон шукр мегӯянд. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд: “Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд”. Пас мо, ҳамчун ворисони асили мардуми ориёитабор бояд, ки давомдиҳандаи ин анъанаҳо бошем. Идеро, ки мардуми ниёгони мо тули 6 ҳазор сол муқаддам пос доштанд, мо низ бояд онро ҳифз намуда, ба он арҷ гузорем. Дар рӯзҳои Наврӯз чунин хислатҳои наҷиб, ки ба халқи мо хос аст, аз ҷумла – шафқат, муҳаббат ба зодгоҳ-ватан, ёрӣ ба эҳтиёҷмандон боз ҳам равшантар зоҳир мегардад. Дар баробари бедоршавии табиат, дар ин фасли сеҳрнок ҳаёти мо, ҳаёти тамоми ҷамъияти мо ни таъғир меёбад. Гуфтан ба маврид аст, ки арзишҳои олӣ, ки пояи фалсафаи Наврӯзро ташкил медиҳанд – инсондӯстиву накӯкорӣ, адолату таҳаммул, ғамхории воқеӣ нисбат ба некӯаҳволии мардум, имрӯз ба меъёри фаъолияти давлату Ҳукумат ва ҳар яки мо табдил ёфтааст. Имрӯз Ҳукумат ва давлат, зери Роҳбарии Пешвои азизамон назди худ ҳадафи муҳимтарин гузоштаанд, ки тамоми ҳамватанони мо, модарону фарзандонамон дар фазои ободи сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунанд, яъне ҳар рӯзи мо мисли Наврӯз хоҳад буд. Дӯстони азиз! Солҳои охир бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни Наврӯз дар миқёси байналмиллалӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад, ки ин аз моҳияти бузурги иҷтимоӣ ва мадании ин ҷашн шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин гуфтан ба маврид аст, ки саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ин ид аввалиндараҷа мебошад. Воқеан, ин ҷашни аҷибу зебо дар инсон эҳсосоти беҳтарин ва волотаринро бедор мекунад. Ин аст, ки Наврӯз барои тамоми ҳамватанони мо, новобаста аз миллат, забон ва мазҳабашон ба ҷашни дӯстдошта ва азиз табдил ёфтааст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, меҳмонони азизамон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаро бо ин иди фархунда аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва пешрафтро орзу намоям. Ҳамватанони азиз! Ман шодам, ки ба шумо орзу ва таманниёти самимонаи худро баён менамоям. Бигузор Навруз ба ҳар як хонадон файзу баракат орад! Бигузор ҳамаи орзую умедҳои мо ҷомаи амал пӯшанд! Бигузор дар кишварамон ҳамеша сулҳ ҳукмфармо бошад ва зиндагии мардуми мо обод бошад! Ҷашни Наврӯз муборак бошад! Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан