Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАҶЛИЛИ ИДИ НИЁГОНИ НАВРӮЗ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.
Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,
Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.

Наврӯз куҳантарин иди мардумии тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.

Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Тоҷикистону Эрону  Афғонистон, ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

Барои посдории анъанаҳои миллӣ, санаи 19 марти соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари Муассиса ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешвози сазовори идҳои баҳорӣ, дар бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Иди Наврӯзи аҷам бо як шукӯҳу шаҳомати хоса бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯзи фархунда ихтиёриён аз факултетҳои гуногуни Коллеҷ барои меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён намоишномаҳо омода намуда, табъу рӯҳи ҳозиринро болида ва хотири онҳоро шод гардониданд.

Дар чорабинӣ бахшида ба Иди Наврӯзи аҷам ихтиёриёни ҳар як факултет мизи идона ороста, дар он ҳамаи рамзҳои ин ид, аз ҷумла ҳафт син ва ҳафт шин, Арӯси сол, Бобои деҳқон, инчунин як зумра ҳунарҳои мардумиро ҷой намуданд. Сари ҳар миз як донишҷӯ ҳамчун роҳбалад ба ҳозирин оид ба ҳар як ҷузъиёти ин ид маълумот медод. Ҳамчунин базми суруду таронахонӣ бо овози зинда, мусобиқаи гуштин, бандкашӣ ва рассомӣ баргузор шуд. Дар ҷамъ ҳар як иштирокчи аз баргузории ин чорабинӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.