Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Баҳри баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба касби интихобнамуда, беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, ҳавасмандгардонии донишҷӯён дар фаъолияти таълимӣ, арзёбии малакаҳои амалии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва мубодилаи таҷриба – МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мунтазам дар озмуну Олимпиадаҳои мухталифи дохилӣ ва байналмиллалӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар ин масир “Коллеҷи тиббии Қазоқистони Ғарбӣ” тасмим гирифтааст, санаи 30 марти соли 2022 Олимпиадаи байналмиллалӣ миёни донишҷӯён дар мавзӯи “Ёрии таъҷилӣ” баргузор намояд. Низомномаи Олимпиада аз ҷониби кумитаи ташкилии он омода ва ба ҳамаи коллеҷҳои тиббии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” равона шуд.
Тибқи Низомномаи Олимпиада ду даври аввали он бояд дар муассисаи таълимӣ гузаронида шавад, яъне марҳилаи интихобӣ, ки аз навиштани Эссе ва омодасозии презентатсия иборат аст, аз ҷониби комиссияи салоҳиятноки худи Коллеҷ бояд гузаронида шуда, беҳтарин аз беҳтаринҳо интихоб шаванд.
Давраи якуми Олимпиада санаи 26 марти соли 2022 дар бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баргузор шуд. Шуъбаи илмӣ-методӣ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи таълими Коллеҷ ба марҳилаи интихобӣ 30 нафар донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултетҳоро ҷалб намуданд. Барои санҷиши сатҳи дониш ва маҳорату малакаҳои донишҷӯёни интихобнамуда, комиссияи босалоҳият аз ҷумлаи омӯзгорони собиқадори Коллеҷ ташкил карда шуд. Зимни санҷиш аз 30 нафар донишҷӯ танҳо ба 16 нафар донишҷӯёни лаёқатманд ба даври якум, яъне навиштани Эссе роҳ дода шуд. Баъди навиштани Эссе, ба даври дуюми Олимпиада танҳо 3 нафар донишҷӯёни беҳтарин роҳ ёфтанд. Гуфтан ба маврид аст, ки аз як муассиса ба даври сеюм ва ниҳоии Олимпиада танҳо як нафар донишҷӯ бояд интихоб шавад. Давраи дуюми Олимпиада дар бинои асосии Коллеҷ санаи 28 март баргузор хоҳад шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.