Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Имрӯз 11.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ дар бораи самтҳои асосии паёми Пешвои миллат ва нақши Роҳбари давлат дар таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон маърӯза намуда аз корнамоиҳои бобарори Эшон ёдовар шуданд.

Сипас аз ҷониби шоири навқалами муассиса донишҷӯи бахши 4уми факултети “Кори фарматсевтӣ” Оев Тоҳир дар васфи Пешвои миллат шеър қироат намуданд.

Дар охири ҷамъомад муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М.М оиди тартибу интизоми меҳнати коргарон, тарбияи ахлоқии донишҷӯён ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо овардани онҳо, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ ва дар давраи санҷиши атестатсионӣ риояи қатъии супоришҳои директори муассиса баромад карда сипас донишҷӯёнро ба синфхонаҳо раҳсипор намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.