Хабарҳо ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 12, 2022 0 Имрӯз 12.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи фармакология ва забони лотинӣ дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирузӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад омӯзгори ҷавони кафедра Гулов Эмомалӣ бо ҳамроҳи донишҷүён дар бораи “Зарари телефонҳои мобилӣ ва манъи истифодаи он дар дохили биноҳои таълимӣ” ва “12 апрел – рӯзи Кайҳонавардон” маърӯзаҳо намуданд. Хотиррасон менамоем, ки аввалин маротиба Юрий Гагарин шаҳрванди Иттифоқи Советӣ 12 апрели соли 1961 ба кайҳон парвоз карда буд. Баъдан Сардори Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон Шаҳроми Зайниддин ба донишҷӯён далелҳои ҷолиб доири кайҳон ва сайёраҳо гуфтанд. Дар охири ҷамъомад ҳозирин суруди миллиро бо овози зинда баланд қироат намуда, ба синфхонаҳо раҳсипор шуданд. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан