Хабарҳо ҲИФЗИ МУҲИТИ АТРОФ – ШИОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 22, 2022 0 Санаи 22-юми апрели соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Ш.С. ҷиҳати пешгирии пажмурдашавии гулу буттаҳо ва дарахтони саҳни бинои асосии Коллеҷ, аз ҷониби бахши хоҷагидорӣ заҳрпошии нақшавии тамоми рустаниҳои атрофи бинои асосии Коллеҷ гузаронида шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки фасли баҳорӣ барои рушду нумӯи ҳашароти зарарасон ва сарзании бемории растаниҳо шароити мусоид фароҳам меоварад ва ҳамасола Роҳбарияти Коллеҷ баҳри ҳифзи муҳити атроф чораҳои заруриро меандешанд. Заҳрпошӣ тавассути таҷҳизоти замонавӣ, бо истифода аз пестисидҳои барои инсон ва растаниҳо бехатар гузаронида шуд. Бахши хоҷагидории МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ободу зебо гардонидани гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва дар ин масир ба шаҳри обод табдил додани пойтахти азизамон саҳми худро мегузорад. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан