Хабарҳо ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ РУСӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 23, 2022 0 Имрӯз 23.04.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Забони русӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро омӯзгори кафедра Салихова Л.Т оғоз карда ду нафар донишҷӯён оиди ҳолнома ва осори шоири рус Александр Есенин баромад карда шеърҳо қироат намуданд. Сипас аз ҷониби намояндаи Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон оиди сару либос, истифодаи телефонҳои мобилӣ суханронӣ намуда, дар охири ҷамъомад чун анъана ба хотири қадршиносӣ аз муқаддасоти миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суруди миллӣ бо овози зинда садо дода донишҷӯён ба машғулиятҳо раҳсипор гаштанд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан