Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БИНОИ АСОСИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Субҳи 23-юми апрели соли ҷорӣ дар саҳни бинои асосии Коллеҷ аз ҷониби кафедраи “Кори дандонсозӣ” ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор шуд.

Сараввал донишҷӯён ва омӯзгорон суруди миллиро сароида, сипас мудири кафедраи Кори дандонсозӣ Абдулҳақов Ҳ.А. суханро ба омӯзгори ҷавон Атоев С.С. доданд. Омӯзгор бобати мавзӯи “Одоби сухан ва ахлоқи ҳамида” суханронӣ карда, донишҷӯёни фаъол шеърҳо қироат намуданд. Сипас донишҷӯён ба машғулиятҳо раҳсипор шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.