Хабарҳо САНҶИШИ ВАЗЪИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 30, 2022 0 Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Саидзода Р.Ҳ. санҷиши нақшавии вазъи таҳсилот дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” гузаронида шуд. Санҷиш аз ҷониби Сайфутдинов Баҳодур, мутахассиси шӯъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Санҷишгарро муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. ва муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д. роҳбаладӣ намуданд. Сараввал меҳмон аз тамоми биноҳои таълимӣ дидан намуда, ба сатҳи ташкилии раванди таълим ва ҷиҳознокии синфхонаҳо бо баннеру айёниятҳои таълимӣ баҳои баланд доданд. Ҳамчунин аз синфхонаҳои Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ дидан намуда, сатҳи таъминоти синфхонаҳоро бо муляжу таҷҳизоти тиббӣ хуб арзёбӣ намуданд. Зимни санҷиш ба сифати таҳсилот диққати махсус дода шуда, баҳри муайян сохтани сифат аз донишҷӯён санҷиши хаттӣ, тестӣ ва диктант гирифта шуд. Ҳамзамон дар баъзе гурӯҳҳо санҷиши шифоҳӣ тариқи саволу ҷавоб қабул карда шуд. Дар ҷамъбаст санҷишгар вазъи таълимро дар Муассиса хуб арзёбӣ намуда, баҳри боз ҳам беҳтарсохии раванди таълим тавсияҳо доданд. Пеш 1 то 19 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан