Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ БА МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 6 майи соли ҷорӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳо оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи касбии соҳаи физиотерапия ва тавонбахшӣ, инчунин баҳри ҷорисозии ҳамкориҳои техникӣ дар ин самт, коршиносони байналмиллалии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ташриф оварданд.

Ҳайати коршиносони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ – Паскал Биджлевелд, Сатиш Мишра, Катхал Морган ва Анил Кашяб буда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм Юсуфӣ С.Ҷ. ва Қурбонов Х. мутахассиси пешбари ҳамин сохтор, намояндагӣ менамуданд.

Меҳмонони олимақомро директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баррасӣ карда шуд.

Изҳор гардид, ки “ташкил кардани ихтисосҳои мазкур барои ҷомеаи Тоҷикистон зарур буда, боиси рушди соҳаи тиб ва баланд кардани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мегардад”.

Сатиш Мишра – роҳбари барномаи “Маъюбият ва Тавонбахшӣ”-и Дафтари минтақавии ТУТ дар Аврупо, изҳор доштанд, ки “дар рӯзҳои наздиктарин намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла стандартҳои таълимӣ ва тиббӣ барои ихтисосҳои номбурда пешниҳод мегарданд”.

Ҳамчунин коршиносони ТУТ таъқид карданд, ки “тибқи дурнамо, баҳри такмилдиҳии сатҳи дониш ва малакаҳои амалии омӯзгорон семинар-тренингҳо оид ба физиотерапия, эрготерапия ва дефтология низ ташкил карда мешаванд”.

Дар ҷамъбаст, ҷонибҳо аз сатҳ,  муҳтаво ва рушди муносибатҳои ҷойдошта изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.