Хабарҳо ЗОДРӮЗИ РОҲБАРИ МУАССИСА МУБОРАК! Бо admin Охирин навсозӣ May 12, 2022 0 Имрӯз директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. ҷашни зодрӯз доранд. Мӯҳтарама Шаҳло Сайфуллозода! Коллективи бисёрҳазоранафараи донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони Коллеҷ Шуморо бо рӯзи таваллудатон аз самими қалб муборакбод мегӯянд! Аҳли коллектив дар шахси роҳбар на танҳо сардори боистеъдод ва соҳибтаҷриба, балки мураббии дилсӯз, бомаҳорат, хирадманд ва алалхусус як инсони аҷиберо мушоҳида менамоянд. Кормандони Коллеҷ хушбахтанд, зеро Шумо шахсе ҳастед, ки ҳамеша маслиҳат медиҳед, самти дурусти рушдро муқаррар менамоед, дар ҳама гуна вазъият ёрӣ медиҳед ва мефаҳмед! Шумо имрӯз дар чунин вазифаи пурмасъул истода, киштии азими ба номи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро ба самти дуруст – моҳирона ва дилпурона ронда, дар таълиму тарбияи кормандони миёнаи тиб саҳми арзанда мегузоред. Ба кадрҳои ҷавон боварӣ мебахшед, то ин ки дар ҳаёт мавқеи худро пайдо намоянд. Коллективи Коллеҷ барои меҳнати софдилона, маҳорати баланди касбӣ ва суботкорӣ ба Шумо ташаккур мегӯяд! Ташаккур ба шумо мӯҳтарама Шаҳло Сайфуллозода, ки роҳнамо ва намунаи ибрат барои мо ҳастед! Ба Шумо дар муомила бо мо сабру хирад, илҳоми эҷодӣ, хушҳолӣ ва некбинӣ, саломатӣ, файзу баракати оилавӣ ва хушбахтии бузурги инсониро таманно дорем! Бо камоли эҳтиром, аҳли коллективи Коллеҷ! 0 Мубодила кардан