Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БИНОИ АСОСИИ КОЛЛЕҶ

Субҳи 13 май дар саҳни бинои асосии Коллеҷ, аз ҷониби кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” ҷамъомади пагоҳирӯзии донишҷӯён баргузор шуд. Дар оғоз баҳри қадршиносии муқаддасоти миллӣ, суруди миллӣ садо дод, сипас донишҷӯёни фаъол бо маърӯзаҳои худ дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани азизи ман” баромад намуданд. Дар ҷамъбаст сармутахассиси шӯъбаи таълим оид ба қоидаҳои тартиботи дохилии Коллеҷ сухан ронда, донишҷӯёнро ба дарс раҳсипор намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.