Хабарҳо ҲАФАТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ГИГИЕНА” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 14, 2022 0 Санаи 13.05.2022 дар кафедраи “Гигиена” аз ҷониби омӯзгор Мирзоев Сорбон дар асоси ҳафтаи фаннии кафедра, маҳфили фанни дар мавзӯи “Тарзи ҳаёти солим, одатҳои бади вайронкунандаи саломатӣ” бо иштироки мудири кафедра Шарипов Азизулло, директори маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ Давлатзода Холмирзо ва директори маркази ҷумҳуриявии “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” Мухторова Парвина Шавкатовна гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории маҳфили фаннӣ баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва дур будан аз одатҳои бади инсонӣ, ки ба саломатӣ ва ҷамъият зарар мерасонад, бархурдор намудан мебошад. Суратгузоришҳо аз рафти баргузории маҳфили фаннӣ. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан