Хабарҳо ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ РУСӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 14, 2022 0 Имрӯз 14.05.2022с. тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбия аз тарафи кафедраи “Забони русӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ба хотири гиромидошти шоири бузурги форсу тоҷик Ҷалолиддини Румӣ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро мудири кафедра Салимов Искандар оғоз карда оиди тарҷумаи ҳол ва осори адабии шоир бо забони русӣ маъруза намуданд. Сипас донишҷӯёни баромадкунанда ба поси хотираи ин шахсияти нотакрори таърихӣ шеърҳоро аз саҳифаҳои эҷодиёташон қироат намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо осори гаронарзиши миллати форсу тоҷикро барои тарбияву рушди маънавии халқу миллатҳои дигар манотиқи дунё бо забонҳои гуногун тарҷума карда аз он васеъ истифода менамоянд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан