Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА

Аҳолии кишвар, аз ҷумла волидон ва муҳассилини Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” имкон доранд, ки бевосита ба роҳбарони ниҳодҳои гуногуни Муассиса дар рӯзҳои муқарраршуда муроҷиат намуда, бо онҳо сӯбати ошкору озод дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, сокинони кишвар имкон доранд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С. сӯҳбати озод дошта, мушкилотҳои худро ба миён гузоранд.

Санаи 14 майи соли 2022 низ аз ҷониби директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  қабули шаҳрвандон баргузор шуд. Роҳбари муассиса пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.