Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН” ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 20 майи соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” н.и.т Ашуриён Ш. С. ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М. дар якҷоягӣ бо Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ дар бинои фарҳангии муассиса бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” намоиши тантанавӣ зери унвони “Ҷавонон – созандагони Ватан” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори КВД Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” – Зарнигор Раҷабзода, аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, муовини озоди Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Суруш Доробӣ,  мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насимҷон, муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Қурбонзода У. М., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А. Д., муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М. ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар қисмати аввали чорабинӣ меҳмонон ба коллеҷ ташриф оварда, аз дастовардҳои коллеҷ дидан намуданд. Инчунин бахшида ба ин ҷашни муборак, донишҷӯёни коллеҷ саф ороста буданд. Хотирасон менамоем, ки донишҷӯдухтарони муассиса пас аз хатм соҳиби билети ҳарбӣ мегарданд.

Баъдан меҳмонон барои тамошои чорабинии тантанавӣ ба толори фарҳангии коллеҷ раҳсипор гаштанд.

Дар аввал Зарнигор Раҷабзода сухани табрикотии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. Раҳмонзодаро ба саҳми ҳозирин расонида, бори дигар ҳамаи ҷавононро ба ин рӯзи фархундаашон шодбош намуда, ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, дастаи ҳаваскорони “Шифобахш” бо шеъру сурудҳои дилнишин, бадеҳа, саҳначаи тарбиявӣ ва рақсҳои хиромону зебо дили ҳозиринро шод намуданд.

Дар қисми хотимавӣ, Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ба Роҳбарияти коллеҷ тақдим карда шуд. Инчунин ҷавонони фаъоли коллеҷ аз тарафи Маъмурияти коллеҷ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.