Табрикоти директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷавонони азиз! Санаи 23 май дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.
Аз ин лиҳоз Шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи ҷавонон, ки дар мамлакати мо васеъ таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба шумо орзуҳои беҳтарини худро баён менамоям.
Дар ин рӯзи ҷашн ҳамаи мо махсусан амиқ дарк менамоем, ки давраи ҷавонӣ барои инсон дар ҳақиқат аҷибтарин айём – айёми умеду андешаҳои пок ва имкониятҳои бепоён мебошад. Ҷавонӣ на танҳо давраи аҷиби ҳаёти инсон, балки як ҳолати махсуси рӯҳӣ низ мебошад. Ин айёми далерӣ, ҷустуҷӯй, кашфиёт ва амалӣ гардонидани орзӯҳои беҳтарин мебошад. Маҳз мактаббачагон, донишҷӯён, коргарон, соҳибкорон ва олимони ҷавон роҳи тараққиёти Тоҷикистонро муайян менамоянд. Дар Тоҷикистон баҳри гиромидошти мақоми ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода шудаанд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас қисми муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар гардидааст.
Ин ҷашн таҷассумгари мавқеи устувор доштани ҷавонон дар назди Ҳукумату давлат ва халқ буда, далели равшани он аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бахту саодати насли наврас тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд. Ҳамзамон, ҷавонони Тоҷикистон низ чунин мешуморанд, ки баҳри гул-гулшукуфии Ватан содиқона хизмат кардан, вазифаи муқаддаси онҳост.
Дар ҳақиқат, барои мамлакати мо таъмини ҳуқуқу озодӣ ва ҳифзи манфиати ҷавонон як самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Ин масъала ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат, хоса Роҳбари ғамхору ҷавонпарвари мо, Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Алалхусус баҳри ҳифзи манфиат ва талаботҳои ҷавонон дар замони муосир, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” 23 декабри соли 2021, дар тарҳи нав қабул гардид. Ҳамчунин, солҳои охир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар фармону қарорҳо оид ба соҳа қабул шуда истодаанд.
Дар кишвар кӯдакистонҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳои нав кушода шуда, филлиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва муассисаҳои варзишию фарҳангӣ боз шуда истода, дар тарбияи насли ҷавонон ва омодасозии кадрҳои дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобатпазир, саҳм мегузоранд.
Ташаббусҳое ки дар кишвар татбиқ мешаванд, торафт хусусияти ҳаракати умумихалқӣ пайдо карда, ҷавонони мо дар он фаъолона ширкат меварзанд ва Ҳукумати кишвар ба саҳми ҷавонон дар он баҳои баланд медиҳанд.
Ҷавонони мӯҳтарам!
Тавре ба ҳамаи шумо маълум аст, дар ин айёми ноором ва пурташвиш, таҳдидҳои гуногун вуҷуд доранд, ки мақсади асосии онҳо, ин ба даст овардани ақлу дили ҷавонон мебошад. Дар робита бо ин ва барои мубориза бар зидди он мо бояд пайрави принсипи “Маърифат бар зидди ҷаҳолат” бошем. Бештар ба таҳсил, китобхонӣ ва ғанигардонии ҷаҳонбинии худ пардозем, то ин ки ба доми ҳар гуна ҳаракатҳои терористию экстремистӣ наафтем.
Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ баҳри татбиқи амалии сиёсати давлатиии ҷавонон, тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла ҷавондухтарон ва ҷавонписарон, аз ҷумлаи донишҷӯёни Коллеҷ дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат варзида, дар рушди соҳаи тиб саҳми арзанда мегузоранд.
Масъалаҳои сиёсати ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” қарор дошта, қисми зиёди кормандону омӯзгорони Коллеҷро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мехоҳам қайд намоям, ки роҳбарияти Коллеҷ ҷидду ҷаҳд дорад, то ин ки барои ҷавонон шароити мусоиди рушди шахсӣ таъмин карда шавад.
Бори дигар шуморо бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва тамоми хӯшиҳои зиндагиро таманно дорам!