Иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” -и муассиса дар ҳамоиши таҳти унвони “Саҳми ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” Хабарҳо Бо admin Охирин навсозӣ May 23, 2022 0 Санаи 23 майи соли 2022 дар толори кинотеатри “Ватан” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани” Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” хамоиши ҳизбиёни ҷавони пойтахт, таҳти унвони “Саҳми ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор гардид, ки дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, роҳбарони сохторҳои ҳизбии ноҳияҳои пойтахт, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ва аъзоёни ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, аз ҷумла донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабини аъзои фаъоли Ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон”-и муассиса Саидов Абдуҳанон иштирок ва суханронӣ намуда қайд карданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва амаликунандаи ормонҳои миллӣ ҳамеша дар мадди назари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будаанд. Аз ин рӯ ҷавонони саодатманди тоҷикро мебояд ҳамеша аз худ ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ нишон дода, арзандаи ин ҳама боварии роҳбари давлат бошанду гирди сиёсати пешгирифтаи Пешвои худ муттаҳид гарданд. Дар охир чанд нафар аз фаъолони муассисаҳои таълимии пойтахт барои хидматҳои арзишманд, фаъолияти пурсамар ва мусоидат дар татбиқи босамари ҳадафҳои оиномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин ба василаи дарёфти роҳу усулҳои муосири таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба таҳким бахшидани маърифати сиёсии ҷомеа бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд, ки дар ин миён намояндаи муассиса низ шомил гардида аст. 0 Мубодила кардан