Дар охири чорабинӣ як қатор омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Аз МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Шуҳрати Боғибек-мудири кафедраи тиббии ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидои ҳарбӣ, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.