Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАРАЁНИ РЕЙТИНГСУПОРӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 25 майи соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, санҷиши ногаҳонии кафедраҳои бинои асосии Коллеҷ, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. гузаронида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи ҷадвалҳои тасдиқгардидаи шуъбаи таълим, аз санаи 25 май то 4 июн дар тамоми кафедраҳо рейтингсупорӣ ҷараён мегирад. Зимни санҷиши имрӯза нақшаҳои таълимӣ ва нақшаҳои кории кафедраҳо бо пайнавиштҳои иҷроиши бандҳо, бахшида ба таҳия ва баррасии саволҳои рейтингӣ дида баромада шуд.

Ҳамзамон муовини директор бо донишҷӯён сӯҳбатҳои озоду ошкоро гузаронида, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода, дар ҷараёни таҳсилашон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.