Хабарҳо ВОХУРӢ БО ТАҲЛИЛГАРИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ Бо admin Охирин навсозӣ May 26, 2022 0 Санаи 23.05.2022 директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С., таҳлилгари ТУТ Виола Артикова-ро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот асосан оид ба корҳои ба анҷом расондашуда дар самти омодасозии мутахассисони миёнаи касбии ихтисоси “Физеотерапия” суҳбат ҷараён гирифт. Муҳтарам Ашуриён Ш муфассал оид ба корҳои дар ин самт иҷрошуда ба таҳлилгари ТУТ гузориш намуд. Қайд карда шуд, ки дар ин давра корҳои зиёде дар самти омодагӣ ба ташкил намуданиихтисои “Физеотерапия” ба анҷом расонида шудааст. Омӯзгорон 6 маротиба бо таври мустақим ва мададӣ аз семинарҳои омӯзишӣ гузаштаанд. Дар доираи ин барнома моҳи июли соли ҷорӣ семинари охирини омӯзишӣ баргузор карда мешавад. Дигар ҳуҷҷатҳои лозимӣ нақшаҳои таълимӣ, баъзе қисматҳои стандарти таълимӣ низ омода шудааст. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби шарикони ҳамкори байналмилалӣ барои ихтисоси мазкур асбобу анҷомҳоитаълимӣ дастрас гардидааст. Оид ба тайёр намудани стандарти таълимӣ барои ихтисоси ”Физеотерапия” кор идома дорад. Новобаста аз пешравиҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде нигоҳи ҳуқуқӣ ва омодасозии мутахассисон мавҷуд аст, иброз дошт Ашуриён Ш.С. Дар моҳи июл барномаи мазкур ба анҷом мерасад, вале мушкилотҳои зиёде ҳанӯз боқи мондааст. Аз ин лиҳоз муҳтарам Ашуриён Ш пешниҳод намуданд, ки агар барномаи мазкур то хатм намудани аввалин донишҷӯёни қабул гардида идома меёфт кори хубе мегардид. Аз ҷониби Виола Артикова низ нисбати корҳои ба анҷом расида, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамчунин Виола А иброз доштанд, ки оид бо корҳои иҷрошуда мушкилотҳои мавҷуда ба ТУТ гузориши муфассал пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин оид ба барномаи беҳдошти хӯрокворӣ, кӯдакон ва наврасон ба иҷроиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯ сурат гирифт. Роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” оид ба омода будани муассиса дар амалисозии ин барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовинони директор Одилзода И.Ё., Муминзода Ҷ.С., ва мутахассиси бахши робитаҳои байналмилалии Коллеҷ Муҳиддинов А ширкат дошта, оид ба масъалаҳои мазкур фикру ақидаҳои худро баён доштанд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан